Июл 19, 2019 19:31 Asia/Dushanbe
  • Ҳукми боздошти раисҷумҳури собиқи Қирғизистон содир шуд

Мушовири раисҷумҳури собиқи Қирғизистон аз содир шудани дастури боздошти Отамбоев тавассути ниҳодҳои амниятии ин кишвар хабар дод.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, Қундуз Ҷалидубоева, мушовири Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури собиқи Қирғизистон дар саҳифаи Фейсбукии худ аз боздошти эҳтимолии ин мақоми собиқи қирғиз хабар дод.

Дар ин паём омадааст, бар асоси иттилооти тасдиқшудаи ниҳодҳои амниятии Қирғизистон дастури боздошти Отамбоевро дарёфт кардаанд.

Амалиёти боздошти раисҷумҳури собиқи Қирғизистон барои баъд аз зуҳри имрӯз 19 июл барномарезӣ шудааст ва дар он беш аз 1500 нерӯи интизомӣ ҳузур хоҳанд дошт.

Ба гуфтаи Ҷалидубоева ин иқдоми давлат мкнҷар ба авоқиби талхе хоҳад шуд.

Отамбоев ҳамчунон рӯзҳои гузашта дархостҳои додситон барои ҳамкорӣ дар бозпурсиро рад мекунад.

Ба назари раисҷумҳури собиқ, ҳазфи масунияти сиёсии вай аз сӯи Парлумон нақзи қавонини кишвар буда, бинобар ин додситон ҳаққи эҳзори Отамбоев дар раванди бозпурсиро надорад.

Барчасп