Отамбоев Қирғизистонро тарк мекунад
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i45287-Отамбоев_Қирғизистонро_тарк_мекунад
Раисҷумҳури собиқи Қирғизистон, ки то кунун се бор барои посухгӯӣ дар бораи иттиҳомоти фасоди идориаш эҳзор шудааст, эълом кардааст, ҳафтаи оянда қасд дорад барои сафаре чандрӯза ба Маскав биравад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 20, 2019 20:04 Asia/Dushanbe
  • Отамбоев Қирғизистонро тарк мекунад

Раисҷумҳури собиқи Қирғизистон, ки то кунун се бор барои посухгӯӣ дар бораи иттиҳомоти фасоди идориаш эҳзор шудааст, эълом кардааст, ҳафтаи оянда қасд дорад барои сафаре чандрӯза ба Маскав биравад.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури собиқи Қирғизистон дар дидор бо яке аз хабарнигорон гуфт: “Возеҳ аст, ки ҳеҷ кас аз ман нахоста, ки кишварро барое чанд рӯз тарк кунам ва ба Русия биравам, аммо мо бояд ба худамон, Худованд ва дӯстони воқеимон умедвор ва дар айни ҳол барои ҳама чиз ҳам омода бошем”.

Алмосбек Отамбоев ҳамчунин бо қадрдонӣ аз мардуме, ки барои дифоъ аз вай шабона назди ӯ омада буданд, афзуд, ин мавзуъ бар барномаҳои мақомот барои истифода аз зӯр таъсир гузоштааст ва ба назар намерасад , ки имрӯз коре анҷом бидиҳанд.

Отамбоев дар айни ҳол эҳтимоли дастгирии иҷбории худ пеш аз азимат ба Маскавро рад накард ва гуфт, пас аз он ки қудрат аз ҳавзаи қонун дур шуд, мо ҳама чизро мумкин мебинем.

Вай ҳамчунин Вазорати умури дохилӣ ва дигар сохторҳои қудратии ин кишварро ба амал дар чорчӯби қонун фаро хонд.