Июл 25, 2019 10:11 Asia/Dushanbe
  • Имрӯз Раҳмон ва Жеенбеков бо якдигар дидор мекунанд

Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жеенбеков раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Қирғизистон имрӯз 25 июл барои ҳалли ихтилофоти марзии ду кишвари ҳамсоя дар ноҳияи Исфара ва фармондории Ворух дидор ва гуфтугӯ мекунанд.

Ба нақл аз сомонаи Ка-Ниюз, манобеи шаҳрдории Исфараи Тоҷикистон бо эъломи ин хабар гуфтаанд дар ин дидорҳо Раҳмон ва  Жеенбеков бар сари роҳҳои поён додан ба ихтилофоти марзӣ ва ҳалли сиёсии мавзӯи нишонагузории марзи муштараки ин ду кишвари ҳамсоя баҳс ва табодули назар хоҳанд кард.

Дар даргириҳои рӯзҳои ахир миёни сокинони минтақаи ду суи марз, як шаҳрванди 52 солаи Тоҷикистон кушта шуда ва беш аз 100 нафар аз ду тараф захмӣ шудаанд.

Азим Иброҳим ва Жанс Разоқов муовинони нахуствазирони Тоҷикистон ва Қирғизистон дар остонаи дидори раисони ҷумҳури ин ду кишвар гуфтугӯ барои поён додан ба низои марзии ахирро оғоз кардаанд.

Ҳамчунин полиси Қирғизистон барои пароканда кардани сокинони рустоҳои қирғизӣ, ки роҳи иртиботии Ворух ба ноҳияи Исфараи Тоҷикистонро масдуд карда буданд, аз гази ашковар истифода кард ва акнун ҳаракати мусофирон ва мошинҳо дар ин масир имконпазир шудааст.

Дар паи ду даҳсола музокироти мақомоти ду кишвар бар сари ҳалли ихтилофоти марзӣ танҳо 520 километр аз марзи 721 километрии Тоҷикистон ва Қирғизистон нишонагузорӣ шудааст.