Сентябр 21, 2016 15:32 Asia/Dushanbe
  • Талоши фирқаҳои ифротӣ дар ҳаҷҷи имсол барои ҷазби ҳуҷҷоҷи қазоқ

Мушовири муфтии аъзами Қазоқистон гуфт: Дар айёми ҳаҷ афроде ношинос дар Арабистон талош мекарданд, бо ҳуҷҷоҷи қазоқ иртибот барқарор кунанд ва онҳоро ба самти афкори ифротӣ савқ диҳанд.

Ба иттилои хабаргузории Форс, Қувват Роев, мушовири муфтии аъзами Қазоқистон афзуд: Ин афрод талош мекарданд, дар қолаби баргузории классу омӯзиши маносики ҳаҷ ҳуҷҷоҷро ба доми гурӯҳҳои ифротӣ бикашонанд .

Роев гуфт: Мақомоти Идораи муфтиёти Қазоқистон имсол бештарин таваҷҷуҳи худро ба ҷилавгирӣ аз гирифтор шудани ҳуҷҷоҷи қазоқ дар доми ақоиду афкори фирқаҳои ифротӣ ихтисос дода буданд .

Мушовири муфтии аъзами Қазоқистон иллати гирифтор шудани сареи шаҳрвандони Қазоқистон дар доми ин ақоиди инҳирофиро бетаваҷҷуҳии Идораи муфтиёти ин кишвар ба баргузории давраҳои омӯзиши ҳоҷиён донист ва гуфт: Намояндагони фирқаҳои мухталиф билофосила аз ин фурсат барои расидан ба аҳдофи худ истифода мекунанд.