Июл 29, 2019 20:19 Asia/Dushanbe
  • Фаъол шудани гузаргоҳи KTAI дар Осиёи Марказӣ

Гузаргоҳи транзитии KTAI дар Осиёи Марказӣ аз масири Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон фаъол мешавад.

Ба гузориши ИРНА, муовини ҳамлу нақли Идораи кулли роҳдорӣ ва ҳамлунақли ҷоддаии Хуросони Разавӣ бо баёни ин матлаб гуфт, дар канори масирҳои транзитии мавҷуд барои иртиботи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба мақосиди тиҷорӣ дар Шарқу Ғарби олам, масири KTAI, ки бо канори ҳам қарор гирифтани ҳуруфи аввали англисии номи ин кишварҳо (KTAI) номгузорӣ шудааст, ба унвони масири ҷойгузин фаъол мешавад.

Ҷаводи Ваҳдатифард афзуд, ҳамеша роҳҳои дастрасии зиёде ба мақсадҳои тиҷории мавриди таваҷҷуҳи кишварҳо будааст ва дар ин байн масири KTAI шомили кишварҳои Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон ба унвони як масири мувозӣ ва ҷойгузин дар ҷануби Осиёи Миёна, ки аз Туркманистон намегузарад, матраҳ шудааст.

Вай идома дод, ин масир аз дербоз вуҷуд дошт ва қарор аст бо баррасиҳое, ки ҳамакнун дар ҳоли анҷом аст, бо ҳамкории кишварҳои узви ин каридор беш аз пеш муаррифӣ ва фаъол шавад.

Муовини ҳамлу нақли Идораи кулли роҳдорӣ ва ҳамлунақли ҷоддаии Хуросони Разавӣ гуфт, вақте масири тиҷорати як кишвар ба як меҳвар, гузаргоҳ ва каридор хатм мешавад, дағдағаҳое аз ҷинси мабоҳиси падофанди ғайриомил (иқдомоти ғайримусаллаҳонаи коҳиши осебҳо) барои кишварҳои мабдаъ ва ё мақсади ин масир эҷод мешавад. Зеро рафтори кишварҳои миёнароҳ метавонад бар содирот ва транзит дар ин масир таъсиргузор бошад.

Ваҳдатифард ба мушкилоти эҷодшуда байни ду кишвари Тоҷикистон ва Туркманистон ишора ва изофа кард, маҳдудиятҳои эъмолшуда аз сӯи Туркманистон барои транзити коло ба Тоҷикистон боис шуда, Душанбе аз роҳандозии гузаргоҳи KTAI ҳимоят кунад. Вай тӯли роҳи иртиботӣ байни Эрон то Тоҷикистон дар ин масирро ҳудуди ҳазору 700 километр унвон кард.