Сахттар шудани қонунҳои транзити коло аз хоки Туркманистон
Туркманистон қасд дорад аз аввали поиз (тирамоҳ) –и соли ҷории мелодӣ қонунҳои гумрукӣ барои транзити коло аз қаламрави худро сахттар кунад.
Ба гузориши “Форс” ,ба ин тартиб аз аввали сентябри соли ҷорӣ дар сурати адами ироаи бархе аснод тавассути ҳомилони коло, тарафи туркман муҷаввизи убур аз хоки ин кишварро содир нахоҳад кард.
Аснод дорои иттилооти марбут ба ном ва макони фиристанда ва гиранда, ному нишонии комили ҳомили коло, василаи нақлия ва ронандаи он, навъ, миқдор, арзиши коло, вазну ҳаҷм, коди табақабандии коло мутобиқ бо системаи тавсиф ва кодгузории миллӣ, теъдоди кулли бастаҳо, мақсади ҳамли коло, замони ҳамлу нақл ва масир аз иттилооте мебошанд, ки бояд зимни дарёфти муҷаввизи убур аз хоки Туркманистон ба мақомоти зирабти ин кишвар ироа шаванд.
Илова бар ин, тавсия мешавад зимни муроҷиа барои дарёфти муҷаввизи убур, нусхаи тамоми ин аснод ба забони туркманӣ низ бояд ироа шавад.
Ин дар ҳоле аст, ки Тоҷикистон баъд аз адами бозкушоии роҳҳои Туркманистон бар рӯйи мошинҳои борбар ва қаторҳои ҳомили маҳсулоти худ беш аз 6 моҳ аст, ки аз масирҳои дигаре барои ҳамли коло истифода мекунад.
Туркманистон дар ҳоле қонунҳои гумрукии ҳамли колоро ташдид мекунад, ки дигар кишварҳои минтақа транзити маҳсулот аз хоки худро содатар мекунанд.