Истихроҷи нафт аз сӯи Қазоқистон ва Италия дар баҳри “Хазар”
(last modified Wed, 31 Jul 2019 14:23:21 GMT )
Июл 31, 2019 19:23 Asia/Dushanbe
  • Истихроҷи нафт аз сӯи Қазоқистон ва Италия дар баҳри “Хазар”

Қазоқистон ва Италия дар “Хазар” нафт истихроҷ мекунанд.

Ба гузориши “Форс”, Вазорати энержии Қазоқистон ва ширкати “Эн Эс Пи Ай” –и Италия қарордоде дар мавриди истихроҷи нафт дар баҳри “Хазар” имзо карданд.

Мутахассисони қазоқ ва итолиёӣ дар майдони нафтии “Абай” аз технологияҳои диҷитол истифода мекунанд.

Ширкати итолиёӣ пешпардохти аввалияро ба ниҳодҳои давлатии Қазоқистон пардохт кардааст.

Ба гуфтаи мақомоти “Қазмонайгаз”, ин проект барои ҳар ду тараф ҷиҳати густариши равобити дуҷониба муҳим аст.

“Эн Эс Пи Ай” яке аз бузургтарин ширкатҳои нафтии Италия аст ва дафтари аслии он дар шаҳри Рим қарор дорад.

Ин ширкат дар кишварҳои африқоӣ, Русия ва Қазоқистон фаъолият мекунад ва маҳсулоти он ба Италия ва дигар кишварҳои Аврупо содир мешавад.

Махзани “Абай” дар 70 километрии нимҷазираи Бузачи қарор дорад ва дар ин минтақа умқи баҳр 8 то 10 метр мебошад, ки захоири нафтии эҳтимолӣ дар он минтақа 337 миллион тон аст.

“Қазмонайгаз” ва “Эн Эс Пи Ай” аз соли 2017 ҳамкорӣ ва дар майдони нафтии “Исотай”, дар минтақаи шимолии Хазар нафт истихроҷ мекунанд.