Июл 31, 2019 20:21 Asia/Dushanbe
  • Густариши равобити низомии Покистон ва Узбакистон

Абдусалом Азизов, раиси Хадамоти давлатии амнияти Узбакистон бо генерал Қамар Ҷовид Боҷво, фармондеҳи артиши Покистон дидор кард.

Ба гузориши ИРНА, ин дидори муҳим дар Ровалпинди, мақари артиши Покистон сурат гирифт. Табодули назар дар заминаи густариши равобити дифоӣ ва амниятӣ меҳвари дидори раиси Хадамоти давлатии амнияти Узбакистон бо фармондеҳи артиши Покистон буд.

Тарафайн дар ин дидор барои омӯзиши муштараки нерӯҳои низомӣ ва ҳамкорӣ барои мубориза бо терроризм ба тавофуқоте даст ёфтанд.

Узбакистон бузургтарин ҳамкори бозаргонии Покистон дар Осиёи Марказӣ аст.

Мубодилоти бозаргонии ин 2 кишвар дар соли 2017 –и мелодӣ дар сатҳи 36 миллиону 200 ҳазор доллар қарор гирифтааст.

Дар соли 2017 –и мелодӣ фаъолияти намоишгоҳи доимии “Сохти Узбакистон” дар сафорати Узбакистон дар Исломобод барқарор шуда ва парвозҳои мустақим байни Тошканд ва Лоҳур аз сар гирифта шудааст.

Дар соли 2018 –и мелодӣ ҳамкориҳои мутақобили бозаргонӣ байни корхонаҷоти Узбакистон ва Покистон беш аз пеш густариш пайдо кардааст.

Дар моҳи марти соли 2018 –и мелодӣ Утоқи бозаргонӣ ва саноеи Узбакистон ва Маркази мутолеоти ҷаҳонӣ ва стратегияи Покистон қарордоде дар мавриди эҷоди Шӯрои бозаргонии Узбакистон ва Покистон имзо ва дар моҳи апрели соли ҷории мелодӣ нахустин нишасти он дар Исломобод баргузор шуд.

 

Барчасп