Таъсиси ҷамъияти дустии Тоҷикистон ва Узбакистон дар Тошканд
(last modified Thu, 01 Aug 2019 04:04:37 GMT )
Август 01, 2019 09:04 Asia/Dushanbe
  • Таъсиси ҷамъияти дустии Тоҷикистон ва Узбакистон дар Тошканд

Ҷамъияти дустии Тоҷикистон ва Узбакистон дар Тошканд таъсис шуд.

Ба нақл аз сомонаи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, ин ҷамъият ба ибтикори намояндагони ҳукумат ва масъулони созмонҳои фарҳангии тоҷикони муқими Узбакистон таъсис шудааст.

Дар нишасти муассисони ин ҷамъият Шавкат Ҳамроҳов вазири оби Узбакистон ба симати раёсати ҷамъияти дустии Тоҷикистон ва Узбакистон интихоб шуд.

Ҳадаф аз таъсиси ҷамъияти дустии Тоҷикистон ва Узбакистон тақвияти ҳамкориҳои ин ду кишвари ҳамсоя бо истифода аз депломасии мардумӣ, иҷрои барномаҳои муштараки фарҳангӣ ва ҳунарӣ ва омӯзишӣ эълом шудааст.

Ин дар ҳолест, ки соли пеш бар асоси дастури Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз хадамоти шоистаи Шавкат Ҳамроҳов вазири оби Тоҷикистон дар роҳи густариши равобити дустии ин ду кишвар бо эътои медали ифтихор аз вай тақдир шуда буд.

Равобити Тоҷикистон ва Узбакистон аз соли 2016 ва пас аз даргузашти Ислом Каримов раиси ҷумҳури пешини ин кишвар ру ба беҳбудӣ аст.