Август 01, 2019 11:04 Asia/Dushanbe
  • Оғози сездаҳумин даври музокироти сулҳи Сурия дар Қазоқистон

Сездаҳумин даври музокироти сулҳи Сурия дар Қазоқистон оғоз мешавад.

Ба нақл аз рӯзномаи Остона-Таймз, намояндагони Эрон, Туркия ва Русия ба унвони зомини оташбас дар канори намояндагони давлати Сурия ва мухолифон дар ин нишаст ҳузур хоҳанд дошт.

Бар асоси баёнияи Вазорати умури хориҷаи Қазоқистон дар ҳоли ҳозир ҳамаи тарафҳои ёдшуда барои ҳузур дар ин нишаст эъломи омодагӣ карданд.

Намояндагони Ироқ ва Лубнон низ ба унвони нозир дар ин нишаст ширкат хоҳанд кард.

Ба гуфтаи мақомоти Қазоқистон, Гиер Педерсен (Geir Pedersen) намояндаи вижаи Созмони Миллал дар Сурия ба далели беморӣ наметавонад дар нишатси Нурсултон ҳузур ёбад, аммо муовини вай раёсати намояндаи СММ-ро бар уҳда хоҳад дошт.

Намояндагони Кумитаи байналмиллалии Салиби сурхи ҷаҳонӣ ва Дафтари камиссорияи олии СММ дар умури паноҳандагон низ барои ширкат дар ҷаласаҳои ҳошияӣ бо мавзӯи озодии зиндониён ва гаравгонҳо дар Сурия дар Нурсултон ҳузур хоҳад дошт.

Ҳамонанди давраҳои пеш дар рӯзи аввал нишасти мушовираи фаннии дуҷониба ва чандҷониба пушти дарҳои баста ва дар рӯзи дуввум як ҷаласаи комил баргузор мешавад.

Ба гуфтаи Вазорати умури хориҷаи Қазоқистон натоиҷи аслии ин нишаст дар рӯзи поёнӣ дар баёнияе мунташир хоҳад шуд.

Даври аввали нишасти Остона ё нишасти сулҳи Сурия дар январи 2017 бо ҳузури Эрон, Русия ва Туркия дар Қазоқистон баргузор шуд, ин се кишвар ба унвони кишварҳои зомини оташбас дар Сурия токунун чандин бор музокироти Остонаро баргузор кардаанд.

Ҳадаф аз баргузории ин нишастҳо, баррасии масоили башардӯстона ва тақвияти эътимод ва ҳамоҳангӣ барои иқдомотест, ки дар ростои тавсеаи раванди сулҳ ва ҳаллу фасли буҳрони Сурия анҷом меширад.

Нурсултон ба унвони пойтахти Қазоқистон пештар Остона ном дошт.

Барчасп