Сентябр 21, 2016 19:08 Asia/Dushanbe

Бонки марказии Русия аз коҳиши интиқоли пул аз ин кишвар ба Узбакистон ва Тоҷикистон ва афзоиши он ба Қирғизистон хабар дод.

Тайи семоҳаи дувуми соли ҷорӣ ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба Узбакистон ва Тоҷикистон коҳиш ва ба Қирғизистон афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши Бонки марказии Русия, ҳаҷми интиқолот аз Маскав ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аз тариқи системаи интиқоли пул дар семоҳаи дувуми соли 2016 нисбат ба семоҳаи аввали соли ҷорӣ 563 миллион доллар афзоиш ёфт, ки ҳудуди 2 миллиарду 438 миллион долларро ташкил дод.

Дар нимаи дувуми соли ҷорӣ аз Русия ба Узбакистон 696 миллион доллар, ба Тоҷикистон 495 миллион доллар, ба Қирғизистон 487 миллион доллар, ба Қазоқистон 151 миллион доллар ва ба Туркманистон 3 миллион доллар интиқол дода шуд.

Дар маҷмӯъ аз моҳи январ то июн аз Русия ба Узбакистон 952 миллион доллар (6 моҳи соли гузашта як миллиарду 149 миллион доллар), ба Тоҷикистон 598 миллион доллар (6 моҳи соли гузашта 696 миллион доллар), ба Қирғизистон 637 миллион доллар (6 моҳи соли гузашта 570 миллион доллар), ба Қазоқистон 203 миллион доллар (6 моҳи соли гузашта 148 миллион доллар) ва ба Туркманистон 5 миллион доллар (6 моҳи соли гузашта 8 миллион доллар) интиқол ёфтааст.

Коҳиши интиқоли пул аз Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ тайи солҳои охир дар ҳоле аст, ки иқтисоди ин кишварҳо ба пулҳои интиқолии муҳоҷирони корӣ шадидан вобастагӣ дорад.

 

Барчасп