Август 05, 2019 17:16 Asia/Dushanbe
  • Талоши Бишкек барои истирдоди атбои қирғиз аз Сурия ва Ироқ

Кобинаи Қирғизистон аз талошҳои давлати ин кишвар барои бозгардонидани атбои қирғиз аз Ироқ ва Сурия хабар дод.

Ба гузориши “Форс”, мақомоти давлатӣ ба раёсати Ҷенеш Раззоқов, муовини нахуствазири Қирғизистон масоили марбут ба озодии атбои қирғизро баррасӣ мекунанд.

Тамоми аъзои гурӯҳи кории давлатӣ визаи дипломатӣ дар Сурия ва Ироқ гирифтанд.

Дар ҳоли ҳозир таъмини молии ин барнома тавассути кобинаи вузаро мавриди баҳс қарор гирифта ва иқдомоти лозим пас аз тасмимгирӣ дар ин замина анҷом мешавад.

Байни давлатҳои Қирғизистон ва Ироқ тавофуқоте ҳосил шуда ва тибқи он намояндагони гурӯҳи корӣ дар моҳи сентябр вориди шаҳри Бағдод мешаванд ва Ироқ кӯдакони қирғизро ба Бишкек таҳвил медиҳад.

Бахше аз атбои Қирғизистон дар Сурия қарор доранд ва дар ин замина музокира бо давлати Туркия ва муассисаҳои байналмилалӣ анҷом мешавад.

Дар ҳоли ҳозир шиносоии теъдод ва маҳалли боздошти атбои Қирғизистон дар Сурия дар дастури кор қарор дорад.

Тамоми масоили марбут ба бозгардонидани шаҳрвандони қирғиз ба ватанашон таҳти назорати Муҳаммадқули Абдулқозиев қарор дорад.