Ҷойгоҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар радабандии камбуди манобеи обӣ
Бар асоси рутбабандии кишварҳои рӯ ба рӯ бо мушкили камбуди оби ошомиданӣ, Туркманистон дар рутбаи 16, Узбакистон 25, Қирғизистон 38, Тоҷикистон 51 ва Қазоқистон дар рутбаи 60 қарор доранд.
Ба гузориши “Форс”, рутбабандии кишварҳои мувоҷеҳ бо мушкили камбуди оби ошомиданӣ тавассути муассисаи манобеи ҷаҳонии “WRI” эълом шуд.
Дар рутбабандӣ манобеи обии 164 кишвари ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Дар ин рутбабандӣ кишварҳои Осиёи Марказӣ низ қарор доранд ва Туркманистон дар рутбаи 16, Узбакистон 25, Қирғизистон 38, Тоҷикистон 51 ва Қазоқистон дар рутбаи 60 қарор доранд.
Дар ин гузориш Қатар, режими саҳюнистӣ, Лубнон, Эрон, Урдун, Либия, Кувайт, Арабистони Саудӣ, Эритрея, Имороти арабӣ, Баҳрайн, Сан Морино, Ҳинд ва Покистон, Туркманистон ва Уммон ба унвони кишварҳои дорои бузургтарин мушкилоти обӣ муаррифӣ шудаанд.
Андрю Стир, раиси “WRI” бо ишора ба натоиҷи мутолеот гуфт, мушкилоти марбут ба об бузургтарин буҳрони муосир аст, аммо мақомоти кишварҳои ҷаҳон ба ин масъала таваҷҷуҳ намекунанд. Вай идома дод, авоқиби талхи чунин таҳаввулоте равшан аст, зеро камбуди об мунҷар ба ташдиди ноамнии ғизоӣ, ҷанг, муҳоҷират ва навасоноти молӣ мешавад.