Вуруди намояндагони Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ ба Узбакистон
(last modified Tue, 20 Aug 2019 14:12:37 GMT )
Август 20, 2019 19:12 Asia/Dushanbe
  • Вуруди намояндагони Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ ба Узбакистон

Муовини мудири кулли Ожонси Байналмилалии Атомӣ вориди шаҳри Тошканд, пойтахти Узбакистон шуд.

Михаил Чудаков, муовини мудири кулли Ожонси Байналмилалии Атомӣ дар садри як ҳайат аз намояндагони ин созмон вориди шаҳри Тошканд, пойтахти Узбакистон шуд. Дидор бо мақомоти Вазорати энержӣ, Фарҳангистони улум, Кумитаи давлатии амнияти саноатӣ ва Ожонси «Узатом»-и Узбакистон дар дастури кори муовини мудири кулли Ожонси Байналмилалии Атомӣ ва ҳайати ҳамроҳаш қарор дорад.

Ширкати «Русатом»-и Русия қарор аст, дар Узбакистон нерӯгоҳи ҳастаиеро шомили ду блоки энержии насли «3+» бо реактори ВВРЭР-1200 бисозад. Пеш аз ин Ҷӯрабек Мирзомуҳаммадов, мудири кулли Ожонси энержии атомии «Узатом»-и Узбакистон гуфта буд, сохти нерӯгоҳи ҳастаӣ дар ин кишвар аз соли 2022 оғоз хоҳад шуд.