Август 21, 2019 18:39 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори мақомоти давлатӣ ва расонаии Қирғизистон дар мавриди амалкарди радиои “Озодӣ”

Намояндагони собиқи парлумони Қирғизистон, мақомоти давлатӣ ва хабарнигорон дар номае ба фаъолиятҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла фасод дар шуъбаи радиои “Озодӣ” дар ин кишвар эътироз карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, ин нома ба Конгресс, Вазорати умури хориҷа, Ожонси иттилоърасонии ҷаҳонии Амрико ва сафорати ИМА дар Қирғизистон навишта шуда ва дар он аз дахолати ин радио дар даргирии гурӯҳҳои сиёсӣ дар хоки Қирғизистон ибрози нигаронӣ шудааст.

Дар ин нома бо ишора ба фаъолиятҳо ва равобити машкуки бархе коркунони дафтари радиои “Озодӣ” дар Тоҷикистон ва Қазоқистон омадааст, ки иқдомоти мушобеҳе ҳам дар дафтари радиои “Озодӣ” дар Қирғизистон сурат гирифта ва иттилооте дар бораи дахолати ин расона дар даргирии гурӯҳҳои сиёсии маҳаллӣ ва таблиғот бо ҳадафи сиёҳнамоӣ ба даст омадааст.

Нависандагони ин нома муддаӣ шуданд, ки Венера Ҷамашева, масъули намояндагии радиои “Озодӣ” дар Қирғизистон машкук ба дарёфти ришва аз тарафи Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури собиқи ин кишвар аст ва шабакаи телевизионӣ-интернетии мавсум ба “Настоящее время”, ки таҳти таъмини молии радиои “Озодӣ” фаъол аст, таҳаввулотро бетарафона мунъакис намекунад.

Шуморе аз хабарнигорони радиои “Озодӣ” дар Қазоқистон ва коркунони собиқи ин расона дар Қирғизистон низ аз ин нома ҳимоят карданд.

Радиои “Озодӣ” ва шуъбаҳои он дар кишварҳои мухталиф аз тарафи Конгресси Амрико таъмини молӣ мешавад.

 

Барчасп