Август 23, 2019 20:21 Asia/Dushanbe
  • Судури муҷаввизи боргирии мошинҳои борбари Узбакистон дар бандарҳои Туркия

Мкҷаввизи боргирии мошинҳои борбари Узбакистон дар бандарҳои Туркия содир шуд.

Давлати Туркия пас аз тавофуқ бо Узбакистон ба мошинҳои борбари ин кишвар иҷозаи боргирӣ дар бандарҳои худро содир кард.

Ба нақл аз Форс, давлати Туркия пас аз тавофуқ бо давлати Тошканд ба мошинҳои борбари ин кишвар дар ҳангоми бозгашт ба Узбакистон иҷозаи боргирӣ дар бандарҳои худро содир кард.

Фармон марбут ба рӯзи 14 август тавассути Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия ба имзо расидааст.

Ин иқдомот дар чорчӯби иҷрои амалии қарордоди давлатӣ ва мавриди ҳамлу нақли байналмилалии заминии мусофирон ва борҳо, ки дар чорчӯби сафари раисҷумҳури Узбакистон ба Туркия дар 25 октябри соли 2017 мелодӣ имзо шуда, анҷом мегардад.

Мубодилоти бозаргонии ин ду кишвар дар соли 2018 мелодӣ ба 39,9 дарсад афзоиш дар ҳадди 2 миллиарду 170 миллион доллар буааст.