Август 28, 2019 16:13 Asia/Dushanbe
  • Намоишгоҳи нон дар Самарқанд

Дар шаҳри тоҷикнишини Самарқанд, дар Узбакистон намоишгоҳи нон барпо аст.

Бар асоси эъломи хабаргузории давлатии Узбакистон, дар ин намоишгоҳ 52 навъи нон дар маърази диди боздидкунандагон гузошта шудааст.

Намоишгоҳи нон дар Самарқанд дар ҳошияи ҷашнвораи мусиқии “Таронаҳои Шарқ”, ки дар ин шаҳри бостонӣ ҷараён дорад, тадорук дида шудааст.

Ҳунари нонпазии самарқандиён, ки забони модариашон порсӣ аст, дар сатҳи кишварҳои минтақаи Осиёи Миёна ва Шӯравии собиқ забонзади ому хос аст.

Мардуми ин шаҳр муътақиданд, дар ҳеҷ куҷои дунё ноне ба лаззату таъми нони Самарқанд пухта намешавад.

Нон ба унвони маводи аслии хӯроки мардуми кишварҳои Осиёи Миёна, аз эҳтиром ва қадосати хосе бархурдор аст.