Август 29, 2019 09:40 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди вазири фарҳанги Узбакистон бар густариши равобити фарҳангӣ бо Тоҷикистон

Вазири фарҳанги Узбакистон бар густариши равобити фарҳангӣ бо Тоҷикистон таъкид кард.

Ба нақл аз Спутник, Бахтиёр Сайфуллоҳ дар маросими  оғози давоздаҳумин ҷашнвораи байналмиллалии мусиқии шарқ дар Самарқанд гуфтааст, ки таи  солҳои ахир равобити фарҳангии Душанбе ва Тошканд ру ба густариш аст ки натиҷаи тағйири сиёсати давлати Узбакистон пас аз ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев дар соли 2016 мебошад.

Вай бо ишора ба солҳои қатъи равобити фарҳангии Узбакистон ва Тоҷикистон дар даврони раёсат ҷумҳурии Ислом Каримов аз боз шудани марзҳои ин ду кишвари ҳамсоя ва рафту омади бидуни визаи шаҳрвандии ин ду ҷумҳурӣ ба унвони таҳаввули бузург дар роҳи густариши муносиботи дуҷониба ёд кардааст.

Вазири фарҳанги Узбакистон таъкид кард, ки акнун дарҳои ин кишвар ба руи тоҷикон боз шуда ва дигар ҳеҷ монеае дар роҳи густариши равобити ҳамаҷониба бо Тоҷикистон вуҷуд надорад.

Ин дар ҳолест, ки ахиран дар Кохи Наврӯзи шаҳри Душанбе чойхонаи мавсум ба дустии Тоҷикистон ва Узбакистон ифтитоҳ шуд. Гуфта мешавад, ки муҳимтарин ғизои ин чойхона палави Тошканд мебошад, ки бо истифода аз равишҳои вижа пухт мешавад.