Август 29, 2019 12:36 Asia/Dushanbe
  • Боздошти хонагии муовини собиқи вазири кишвари Қирғизистон

Додгоҳи шаҳри Бишкек ҳукми боздошти муовини собиқи вазири кишвари Қирғизистон то 13 октябрро содир кард.

Бино бар тасмими додгоҳ, Асонов дар боздошти хонагӣ қарор хоҳад дошт ва ҳаққи хуруҷ аз хона аз соати 22:00 то 6:00 надорад.

Ба нақл аз Форс, Асонов дар посух ба саволи хабарнигорон дар бораи парвандаи қазоии худ гуфт, ман иттиҳомоти додситонро қабул надорам.

Асонов дар посух ба саволи марбут ба боздошти вай ба дастури вазири кишвари Қирғизистон гуфт, ман ҳаққи додани иттилоот дар ин заминаро надорам ва мақомоти кишвар бояд худашон тасмим бигиранд.

Муовини вазири кишвари Қирғизистон пас аз таҳаввулот дар рустои Кайташ тавассут Ҷунуш Олиев барканор шуд.

Ба гуфтаи вазири кишвар, Асонов бидуни иҷоза ба музокира бо Алмосбек Отамбоев раиси ҷумҳури собиқи ин кишвар пардохтааст.

Асонов дар таҳаввулоти Кайташ нақши калидӣ дошт ва раиси ҷумҳури собиқ танҳо пас аз музокира бо вай таслим шуд ва мақомоти амниятӣ тавонистанд Отамбоевро дастгир кунанд.