Август 29, 2019 16:46 Asia/Dushanbe
  • Боздошти хонагии муовини вазири Қирғизистон

Додгоҳи шаҳри Бишкек ҳукми боздошти муовини собиқи вазири кишвари Қирғизистон то 13 октиябрро содир кард.

Бинобар тасмими додгоҳ, Ҳсанов дар брздошти хонагӣ қарор хоҳад дошт ва ҳақи хуруҷ аз хона аз соати 20 : 00 то 06 : 00 надорад.

Ба нақл аз Форс, Ҳсанов дар посух ба суоли хабарнигорон дар бораи парвандаи қазоии худ гуфт: ман иттиҳомоти додситонро қабул надорам.

Ҳасанов дар посух ба суоли марбут ба боздошти вай ба дастури вазири кишвари Қирғизистон гуфт: ман ҳаққи додани иттилоот дар ин заминро ндорам ва мақомоти кишвар бояд худашон тасмим бириганд.

 Муовини вазири кишвари Қирғизистон пас аз таҳавулот дар ростои Койтош тавассути Ҷанушъолиев барканор шуд.

Ба гуфтаи вазири кишвар, Ҳасанов беиҷоза ба музокира бо Алмосбек Атамбоев раиси ҷумҳурии собиқи ин кишвар пардохтааст.

Ҳасанов дар таҳавулоти Койтош нақши калидӣ дошт ва раиси ҷумҳури собиқ танҳо пас аз музокира бо вай таслим шуд ва мақомоти амниятӣ тавонистанд Атамбоевро дастгир кунанд.