Сентябр 09, 2019 18:04 Asia/Dushanbe
  •  Ҳамкории рейлии Узбакистон ва Туркия афзоиш меёбад

Мудири кулли роҳи оҳани Туркия дар сафар ба Тошканд бо мақомоти Вазорати сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии Узбакистон бар афзоиши ҳамкориҳои рейлӣ таъкид карданд.

Ба гузориши “Форс”, Арол Арикон, мудири кулли роҳи оҳани Туркия дар сафар ба Тошканд бо мақомоти Вазорати сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии Узбакистон дидор ва масоили интиқоли колоҳои рейлӣ байни ду кишварро баррасӣ карданд.

Дар ин дидор масоили рӯзи тавсеаи беш аз пеши интиқоли ҳамлунақл байни ду кишвар бо дар назар гирифтани афзоиши мубодилоти бозаргонӣ ва ташдиди фаъолияти бахши бозаргонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тарафайн ҳамчунин масоили роҳандозии интиқоли борҳо аз тариқи масири Туркия- Гурҷистон- Озарбойҷон- Туркманистон- Узбакистон- Қирғизистон- Чинро баррасӣ карданд.

Ду тараф дар идома бар аҳамияти анҷоми иқдомоти ҷомеъ барои тавсеаи системаи ҳамлунақлии байналмилалӣ, ки ба тавсеаи иқтисоди кишварҳои ёдшуда кумак мекунад, таъкид карданд.

Мубодилоти бозаргони ин 2 кишвар дар соли 2018 –и мелодӣ бо 39.9 дарсад афзоиш, дар ҳудуди 2 миллиарду 170 миллион доллар будааст.