Сентябр 10, 2019 18:05 Asia/Dushanbe
  • Хези Туркманистон барои содироти маҳсулоти электроникӣ ба Осиёи Марказӣ

Раисҷумҳури Туркманистон хостори содироти маҳсулоти электроникии ин кишвар ба бозори Осиёи Марказӣ шуд.

Қурбонқули Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон дастур дод то маҳсулоти электроникӣ, аз ҷумла компютерҳои тавлиди ин кишвар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ содир шавад.

Ба гузориши “Форс”, маҳсулоти электроникӣ дар корхонаи муштараки туркманӣ- чинӣ тавлид мешавад.

Ин корхона дар моҳи октябри соли 2018 таъсис шуд ва тавлиди таҷҳизоти диҷитол бо амнияти боло, эҷоди нармафзорҳои туркманӣ ва омодасозии нармафзори навасони туркманӣ аз аҳдофи аслии он аст.

Соли ҷорӣ дар ин корхона беш аз ҳаштод ҳазор компютер барои донишомӯзони туркманӣ тавлид шуда ва ба дастури раисҷумҳури Туркманистон ба макотиби ин кишвар мунтақил шуд.

Ин компютерҳо қобилияти омӯзиши риштаҳои мухталиф ба се забон, аз ҷумла туркманӣ, русӣ ва англисиро доранд.

Ҳоло давлати Туркманистон дар назар дорад то содироти ин таҷҳизот ҳамроҳ бо компютерҳои модернтар, ноутбук ва...ро ба кишварҳои ҳамсоя содир кунад.

Илова бар ин, корхонаи мазкур бо ширкатҳои шинохташудае монанди “Microsoft” ва “Intel” ҳамкорӣ мекунад, ки намояндагони онон барои фурӯши компютерҳо дар Қазоқистон, Узбакистон, Тоҷикистон ва Афғонистон ҳузур доранд.