Сентябр 11, 2019 20:39 Asia/Dushanbe
  • Туркманистон ҷузъи 3 кишвар бо камтарин озодии расонаӣ

Кореяи Шимолӣ, Эритрея ва Туркманистон ба унвони кишварҳои дорои камтарин озодии расонаӣ муаррифӣ шуданд.

Бар асоси гузориши ниҳоди байналмилалии мавсум ба Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, ки ахиран рутбабандии озодии расонаиро мавриди баррасӣ қарор дод, Туркманистон ҷузъи 3 кишвар бо камтарин озодиҳои расонаӣ эълом шудааст.

Ба гузориши “Форс”, ба гуфтаи коршиносони ин кумита, дар Туркманистон стандартҳои байналмилалӣ риоят намешавад ва хабарнигорон бо маҳдудиятҳои зиёде мувоҷеҳ ҳастанд.

 Тибқи гузориши ин марказ, дигар хабарнигорони туркман аз интишори бархе аз ахбор метарсанд ва барои адами интишори иттилооти интиқодӣ талош мекунанд.

Дар 3 кишвари мазкур расонаҳо танҳо ба унвони баландгӯи давлат истифода мешаванд ва сайтҳои хабарӣ, ки хориҷ аз кишвар қарор доранд, дорои шароити матлуб барои фаъолияти ҷиддӣ ҳастанд.

Ин рутбабандӣ бо таваҷҷуҳ ба теъдоди хабарнигорони маҳкумшуда, қавонини давлатӣ дар заминаи озодии расонаҳо, маҳдудият дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ анҷом шудааст.

Илова бар ин, факторҳое монанди блок кардани сайтҳои хабарии хориҷӣ ва назорат бар хабарнигорон низ дар назар гирифта шудааст.

Арабистони Саудӣ, Чин, Ветнам, Беларус, Куба ва дигар кишварҳо дар феҳристи ин марказ ба иллати байкоти ахбор қарор доранд.