Сентябр 12, 2019 09:00 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти вазири омӯзиши Қирғизистон аз гузаштан ба хатти лотин

Вазири омӯзиши Қирғизистон аз интиқоли забони миллӣ ба хатти лотин ҳимоят кард.

Ба гузориши “Форс”, Конибек Исаков, вазири ҷадиди омӯзиши Қирғизистон дар нишасти кушодаи парлумон дар ҷавоби намояндагони маҷлис дар иртибот бо забони миллӣ изҳор дошт: “Ман аз интиқоли забони қирғизӣ ба хатти лотин ҳимоят хоҳам кард”.

Вай гуфт, ин ислоҳот ҳамвора дар кишварҳои туркзабон матраҳ мешавад ва бо таваҷҷуҳ ба идомаи фаврии тарҳи ҷаҳонӣ шудани ин иқдом, бояд бо ҳадафи тақвияти ваҳдат байни кишварҳои туркзабон анҷом шавад.

Пас аз ин гуфтугӯ, намояндагони парлумон аз ибтикороти Исаков ҳимоят карда ва барои вай орзуи муваффақият намуданд.

Шоёни зикр аст, ки мавзӯи гузаштани қирғизҳо ба хатти лотин пайваста пас аз фурӯпошии Шӯравии собиқ матраҳ мешавад, аммо сиёсатмадорон ба тасмими воҳиде ҳанӯз нарасиданд.

Илова бар ин, таҷрибаи Узбакистон ва Қазоқистон дар ин замина мавриди таваҷҷуҳи Қирғизистон қарор гирифтааст, зеро ин кишварҳо пас аз фурӯпошии Шӯравӣ ба ислоҳи забони миллӣ пардохтанд.

Пеш аз ин Ирина Коромушкино, намояндаи ҳизби парлумонии сотсиал- демократ дар гуфтугӯ бо хабарнигори хабаргузории “Форс” гуфта буд, ки ин иқдоми душманони Русия аст, зеро ин кишвар шарики стратегии Қирғизистон мебошад ва интиқоли забон ба хатти лотин ба унвони як иқдоми душманона маҳсуб хоҳад шуд ва мунҷар ба бархурди ҷиддӣ аз тарафи Маскав мешавад.

Вай гуфт, хатти кирилӣ пули иртиботӣ байни забони қирғизӣ ва забони русӣ аст ва муҳоҷирини кории Қирғизистони ба роҳатӣ дар Русия машғул ба кор мешаванд ва бо интиқоли забони қирғизӣ ба хатти лотин ин пул қатъ мешавад.