Сентябр 13, 2019 19:40 Asia/Dushanbe
  • Дидори вузарои умури хориҷаи Узбакистон ва Гурҷистон дар Тошканд

Вузарои хориҷаи Гурҷистон ва Узбакистон дар шаҳри Тошканд дидор ва бар гусариши ҳамкориҳои дуҷониба таъкид карданд.

Ба нақл аз Форс, Давид Залкаляни, вазири умури хориҷаи Гурҷистон бо Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷаи Узбакистон дар шаҳри Тошканд дидор ва гуфтугӯ кард.

Дар ибтидои ин дидор, вузарои хориҷа ба якдигар 25-умин солгарди барқарории равобити дипломатии байни Узбакистон ва Гурҷистонро табрик гуфтанд.

Вузарои умури хориҷа дар ин дидор бар алоқамандии мутақобил ба таҳким ва тавсиаи равобити мутақобилан судманд дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва бозаргонӣ, сармоягузорӣ, ҳамлу нақлӣ, мухобиротӣ, гардишгарӣ, фарҳангӣ ва инсонӣ таъкид карданд.

 

Барчасп