Сентябр 14, 2019 18:45 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли лағви режими раводиди Қазоқистон барои атбои Урдун

Сафири Урдун дар Нурсултон дар дидор бо раиси Сенати Қазоқистон хостори лағви режими раводид барои атбои ин кишвар ва роҳандозии парвози мустақим миёни ду кишвар шуд.

Юсуф Абдулғанӣ, сафири Урдун дар Қазоқистон бо Дариға Назарбоева, раиси Сенати ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кард.

Ба нақл аз Форс, тарафайн дар ин дидор масоили марбут ба тақвияти бештари равобити дуҷониба миёни ду кишварро баррасӣ карданд.

Раиси Сенати Қазоқистон дар суханоне зимни ин дидор ба нақши қобили таваҷҷӯҳи Урдун ва шахси Малик Абдуллоҳи Дуввум, подшоҳи ин кишвар дар ҳаллу фасли масоили Ховари Миёна ишора кард.

Тарафайн дар ин мулоқот ба мавозеи мушобеҳи 2 кишварр дар заминаи масоили байналмилалӣ ва минтақавӣ ишора карданд.

 

Барчасп