Баргузории нахустин Ҷашнвораи байналмилалии саноеи дастӣ дар шаҳри Хуқанди Узбакистон
Нахустин Ҷашнвораи байналмилалии саноеи дастӣ дар шаҳри Хуқанди Узбакистон бо ҳузури раиси ҷумҳури ин кишвар баргузор шуд.
Ба гузориши “Форс”, раисҷумҳури Узбакистон дар маросими ифтитоҳияи ин ҷашнвора гуфт, саноеи дастӣ бахше аз фарҳанги умуми башарият аст ва дар зиндагии ҳар миллат, шаклгирии ҳувият ва арзишҳои он аз ҷойгоҳи хос бархурдор аст. Дар ҳақиқат бурузи ҳунарҳои саноеи дастӣ як гоми муҳими таърихӣ дар масири тамаддунҳо аст.
Вай афзуд, дар Узбакистон барои кори ҳунармандони саноеи дастӣ арзиши зиёде қоил ҳастанд, имконоти густурда барои фарогирии ҳунарҳои саноеи дастӣ тавассути ҷавонон эҷод мешавад ва ин ҷашнвора дар тавсеаи беш аз пеши ин ҳавза нақши муҳиме ифо мекунад.
Шавкат Мирзиёев таъкид кард: “Фикр мекунам, ин ҷашнвораи байналмилалӣ як ҷашни бузург на танҳо барои мардуми Узбакистон, балки барои ҳунармандони тамоми ҷаҳон мебошад. Ин як ҷашнвораи дӯстӣ ва ҳамкорӣ аст, ки дар он қадим ва ҷадид, сунан ва арзишҳои мардуми мухталиф ба таври ҳамоҳанг талфиқ (омезиш) шудааст”.
Шаҳри Хуқанд дар остонаи баргузории нахустин ҷашнвораи байналмилалии саноеи дастӣ, дар феҳристи шаҳрҳои ҷаҳонии саноеи дастӣ (World craft city) қарор гирифт.
Имсол дар нахустин ҷашнвораи байналмилалии саноеи дастӣ дар шаҳри Хуқанд беш аз 370 ҳунарманд ва рӯзноманигор аз 78 кишварт ҷаҳон ширкат карданд.
Ҷашнвораи байналмилалии саноеи дастӣ дар Узбакистон ҳар ду сол як бор баргузор мешавад.