Сентябр 17, 2019 09:40 Asia/Dushanbe
  • Оддӣ будани авзоъ дар минтақаи марзии Тоҷикистон бо Қирғизистон

Муовини раиси вилояти Ботканд авзоъ дар марзи муштараки ин кишвар бо вилояти Суғди Тоҷикистонро ором эълом кард.

 Муовини раиси вилояти Ботканди Қирғизистон авзоъ дар марзи муштараки ин кишвар бо вилояти Суғди Тоҷикистонро ором арзёбӣ кард.

 Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Акипресс, Каниш Солеҳов бо ишора ба танишҳои ахир барои сохти роҳ ва посгоҳи нави марзӣ дар манотиқи мавриди ихтилофи ноҳияҳои Ботканди Қирғизистон ва Исфараи Тоҷикистон гуфт, ки дар ҳоли ҳозир авзоъ таҳти контроли нируҳои интизомии ду кишвар қарор дорад.

 Вай таъкид кардааст, ки талош барои сохти посгоҳи марзии ҷадид аз сӯи қирғизҳо ва идомаи сохти роҳ аз тарафи тоҷикҳо мӯҷиби бурузи таниши тай ду рӯзи охир шуд, ки ҳар ду ҷониб якдигарро ба поймолсозии  тавофуқоти қаблӣ ва иқдом ба сохту соз дар манотиқи ҳанӯз аломатгузоринашудаи марзи муштараки Қирғизистон ва Тоҷикистон муттаҳам мекунанд,аз суи дигар ҳарду ҷониб мӯътақиданд, ки тавофуқоти қаблӣ дар мавриди худдорӣ аз ҳар навъ сохту соз дар манотиқи мавриди ихтилофи марзи муштараки Қирғизистон ва Тоҷикистонро поймол накардаанд.

Бо вуҷуди музокироти Тоҷикистон ва Қирғизистон барои аломатгузории марзи муштараки 720 километрии ду кишвар дар 25 соли ахир танҳо бар сари таъйини 520 километр аз хатҳои марзи ин ду ҷумҳурии ҳамсоя тавофуқ шудааст.

 Таъйин нашудани хатҳои марзи ин ду кишвар заминасози бурузи ихтилоф ва даргирӣ миёни сокинони манотиқи марзӣ дар ноҳияҳои Ботканди  Қирғизистон ва Исфараи Тоҷикистон шудааст.