Сентябр 18, 2019 17:54 Asia/Dushanbe
  • Истиқрори таҷҳизоти ташхиси маводи радиоактивӣ дар марзи Узбакистон ва Афғонистон

Таҷҳизоти ташхиси маводи радиоактивӣ дар Пули дӯстии Узбакистон ва Афғонистон мустақар шуда ва шомил мониторҳое барои скан ва расади ҳаракати васоили нақлия аст.

Давлати Амрико ин таҷҳизоти ташхиси маводи радиоактивиро ба Узбакистон таҳвил додааст.

Ба гузориши “Форс”, маросими таҳвили таҷҳизот дар шаҳри Тирмиз, устони Сурхондарё баргузор ва дар он Исматуллоҳ Эргашев, намояндаи вижаи раисҷумҳури Узбакистон дар Афғонистон ва Даниэл Розенблум, сафири Амрико дар Узбакистон ширкат карданд.

Сафири Амрико дар Узбакистон дар ин маросим гуфт, хеле хушҳол ҳастам, ки даври ҷадиди ҳамкориҳои мутақобил байни 2 кишвар дар заминаи амнияти ҳастаии байналмилалиро эълом кунам.

Вай афзуд, имрӯз мо фози аввали тарҳи таҳвили таҷҳизот барои ташхиси ташаъшуъ тавассути Вазорати энержии Амрико ба гумруки Узбакистонро иҷро мекунем.

Розенблум афзуд, ин як гоми муҳим дар густариши беш аз пеши ҳамкориҳои мутақобил байни Узбакистон ва Амрико дар ҳавзаи амнияти марзҳо аст.

Таҷҳизоти мустақар дар Пули дӯстӣ шомили мониторҳое барои скани ҳаракати васоили нақлия аст.

Ин фози аввали тарҳи чандмиллиондолларӣ аст, ки дар чорчӯби он Амрико гузаргоҳҳои стратегӣ дар марзи Узбакистонро муҷаҳҳаз мекунад.

Тарафайн барномарезӣ мекунанд, ҳамкориҳои худро дар мубориза бо қочоқи маводи ҳастаӣ ва радиоактивӣ беш аз пеш густариш диҳанд.

 Ҳамакнун дар Узбакистон 210 ширкати муштарак бо сармоягузории сармоягузорони амрикоӣ, аз ҷумла 49 ширкат бо 100 дарсади сармояи сармоягузорони амрикоӣ фаъолият мекунанд.

Мубодилоти бозаргонии Узбакистон ва Амрико тайи 9 моҳ дар соли 2018 –и мелодӣ дар сатҳи 332 миллион доллар қарор гирифтааст.