Сентябр 20, 2019 20:07 Asia/Dushanbe
  • Эҷоди маркази иттилоотии НАСА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Вазорати тавсеаи диҷитол, навоварӣ ва саноеи ҳавофазои Қазоқистон аз ифтитоҳи маркази иттилоотии НАСА дар минтақаи Осиёи Марказӣ, дар қаламрави ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши “Форс”, нахустин конфронси байналмилалии “Назорат бар тағйири Замин, амнияти обу энержӣ, ғизоӣ ва тавсеаи пойдор дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз” ба мизбонии Қазоқистон дар пойтахти ин кишвар баргузор шуд.

Вазорати тавсеаи диҷитол, навоварӣ ва саноеи ҳавофазои Қазоқистон, ҳадафи ин конфронсро мубодилаи таҷрибаҳои пешрафта дар заминаи истифода аз натоиҷи фаъолиятҳои фазоӣ барои ҳаллу фасли вазоифи амалӣ дар арсаи иқтисод унвон кард.

Марат Нургужин, муовини Вазорати тавсеаи диҷитол, навоварӣ ва саноеи ҳавофазои Қазоқистон дар ибтидои ин конфронс гуфт, гурӯҳи фазоӣ, ки тавассути Қазоқистон эҷод шуда, имкони анҷоми назорати мустақили фазоӣ дар бахшҳои иқтисод тавассути хадамоти тахассусӣ барои ниҳодҳои давлативу маҳаллиро фароҳам кардааст.

Вай афзуд, назорати фазоӣ ба навбати худ имкони дастрасии мустақилу сареъ ба додаҳои санҷиш аз даврро барои ҳалли вазоиф дар ҳавзаи кишоварзӣ, шароити изтирорӣ, зистмуҳитӣ ва мудирияти табиат, корбарии замин, нақшабардорӣ, дифоъ, амнияти миллӣ ва мавориди дигарро фароҳам мекунад.

Ширкаткунандагони ин конфронс ҳамчунин масоили марбут ба зерсохтҳои фазоии модерни Қазоқистонро баррасӣ ва пешрафтҳои Нурсултон дар заминаи тавсеаи моделҳои дохилии таҷҳизоту фанновариҳои фазоиро мусбат арзёбӣ карданд.

Системаи санҷиш аз даври Замин, ки тавассути ду дастгоҳи нурӣ: як маҷмӯи кантроли фазопаймоии заминӣ ва як маҷмӯаи ҳадафи заминӣ барои дарёфту коркарди додаҳо аз фазопаймои мавриди тавваҷуҳи вижаи ширкаткунандагони ин конфронс қарор гирифт.

Ба манзури анализи сифати додаҳои санҷиш аз дур ва ҳалли мушкилоти корбурдӣ донишмандони НАСА пешниҳод карданд ки ин кор ба таври муштарак идома дода шавад.

Крис Адолт, раиси яке аз барномаҳои НАСА бо арзёбии мусбат аз фаъолияти мутахассисони қазоқ дар заминаи санҷиш аз роҳи дур, бар зарурати шомил кардани натоиҷи назорати фазоии Қазоқистон ба назорати ҷаҳонии Замин таъкид кард.

Вай гуфт, мулоқоти мо бар масаълаи эҷоди шабакаи Осиёи Марказӣ табодули додаҳо ва таҷриба дар заминаи тавсеаи барномаҳои байналмилалӣ бо ширкати созмонҳову муассисоти омӯзишӣ мутамаркиз шудааст.

 

Барчасп