Сентябр 20, 2019 20:40 Asia/Dushanbe
  • Қазоқистон узви Иттиҳоди гардишгарии Осиё уқёнуси Ором шуд

Қазоқистон бо ҳадафи афзоиши саҳми ҳавзаи гардишгарӣ дар тавлиди нохолиси дохилии ин кишвар, санади узвият дар иттиҳоди гардишгарии кишварҳои Осиё ва уқёнуси Оромро имзо кард.

Ба мизбонии Қазоқистон, дар шаҳри Нурсултон барои нахустин бор дар қаламрави кишварҳои Ҷомеаи Ҳамсуд нахустин намоишгоҳи байналмилалии гардишгарии минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором “PATA Travel Mart 2019” баргузор шуд.

Ба гузориши “Форс”, дар ҷараёни ин намоишгоҳ миёни Қазоқистону Иттиҳоди гардишгарии кишварҳои Осиё ва уқёнуси Ором санади калидии узвияти Нурсултон дар ин иттиҳод ба имзо расид.

Кайрат Садвакасов, муовини ширкати “Қазоқ туризм” дар ин робита гуфт, раванди тақвияти ҳамкорӣ миёни Қазоқистон ва Иттиҳоди гардишгарии кишварҳои Осиё ва уқёнуси Ором шаш сол замон бурд.

Вай афзуд, “ҳадафи мо афзоиши саҳми ҳавзаи гардишгарӣ дар тавлиди нохолиси дохилии Қазоқистон аз 2 дарсади кунунӣ то 8 дарсад мебошад”.

Раиси Иттиҳоди гардишгарии кишварҳои Осиё ва уқёнуси Ором дар навбати худ ин намоишгоҳро бистари муносибе барои тарвиҷи тиҷорат унвон карду гуфт, умедворем, ки дар чорчӯби ин намоишгоҳ беш аз 10 ҳазор нишасти тиҷорӣ бо афроди мухталиф аз саросари ҷаҳон сурат хоҳад гирифт.

Дар маросими ифтитоҳияи ин намоишгоҳ намояндагони Вазорати фарҳанг, шаҳрдории Нурсултон, раиси Иттиҳоди гардишгарии кишварҳои Осиё ва уқёнуси Ором ва раиси ширкати “Эйр Остона” ширкат карданд.

Дар ин намоишгоҳ 1200 ҳайат аз 69 кишвари ҷаҳон ва 127 намояндаи санъати гардишгарии Қазоқистон ширкат доранд.

 

 

Барчасп