Сентябр 22, 2019 20:42 Asia/Dushanbe
  • Иттисоли дубораи хутути барқи Тоҷикистон ва Узбакистон то поёни имсол

Муовини вазири энергетикаи Узбакистон гуфт, ки кори иттисоли дубораи хутути барқи ин кишвар бо Тоҷикистон то поёни имсол оғоз мешавад.

Ба нақл аз хабаргузории Спутник, Шерзод Хоҷаев дар ҳамоиши сармоягузорӣ барои рушди бахши энергетика гуфтааст, барнома дар чорчӯби тарҳи азсаргирии фаъолияти шабакаи воҳиди барқи Осиёи Марказӣ иҷроӣ хоҳад шуд, ки заминаи интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Узбакистонро фароҳам месозад.

Вай таъкид кардааст, ки дар поёни соли ҷорӣ кори сохти хутути иттисоли барқи Узбакистон ва Тоҷикистон бо кӯмаки молии Бонки рушд ва бозсозии Аврупо оғоз хоҳад шуд, ки дар соли 2020 ба баҳрабардорӣ хоҳад расид.

Пас аз ин, миёни истгоҳҳои барқи фишорқавии "Регар" дар Тоҷикистон ва "Гузор" дар Узбакистон хутути интиқоли барқ мавҷуд аст, ки дар соли 2009 тахриб шуд ва акнун ин ду кишвари ҳамсоя барои барқарории ин хутут талош мекунанд, ки дар соли 2020 такмил мешавад.

 

Барчасп