Ҳимояти 90 дарсадии мардум аз сиёсатҳои динӣ дар Қазоқистон
(last modified 2019-09-24T12:59:53+00:00 )
Сентябр 24, 2019 17:59 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти 90 дарсадии мардум аз сиёсатҳои динӣ дар Қазоқистон

Натоиҷи таҳқиқоти анҷомшуда дар семоҳаи дувуми соли ҷорӣ нишон медиҳад, ки 90 дарсади ҷамъияти кишвари Қазоқистон бо иқдомоти давлат алайҳи фирқаҳои мухарриби динӣ мувофиқ ҳастанду аз сиёсатҳои он дар ҳавзаи дин ҳимоят мекунанд.

Ба гуфтаи Марат Азилхонов, муовини вазири иттилоот ва тавсеаи иҷтимоии Қазоқистон, дар 17 минтақаи ин кишвар аъзои гурӯҳи итилоърасонӣ дар бораи хатароту густариши фирқаҳои мухарриби мазҳабӣ ба мардум тавзеҳоте ироа медиҳанду барои тавсеаи тафоҳум миёни адён фаъолият мекунанд.

Ба гузориши ИКНА, дар нимаи аввали соли ҷорӣ бо ҳузури аъзои гурӯҳи иттилоърасонӣ 16 ҳазору 800 рӯйдод бо мавзӯоти динӣ баргузор шуд, ки беш аз як миллион нафар дар ин ҷаласаҳо ширкат карданд.

Ин гурӯҳ ҳамчунин 6 ҳазору 700 семинар дар бораи фирқаҳои динии мухаррибу ифротгароии динӣ барои ҷавонон баргузор кард ва барномаҳои марбут ба ҷавонон дар ин замина ҳамчунон идома дорад.