Сентябр 28, 2019 13:20 Asia/Dushanbe
  • Баргузории дувоздаҳумин намоишгоҳи пизишкӣ дар Тошканд

Дувоздаҳумин намоишгоҳи тахассусии байналмилалии пизишкии “UzMedExpo-2019” дар маркази намоишгоҳии байналмилалии “Узэкспомарказ” –и шаҳри Тошканд оғоз ба кор кард.

Ба гузориши “Форс”, дар ин намоишгоҳ, ки тавассути ширкати байналмилалии намоишгоҳии “IEG Uzbekistan” барпо шудааст, беш аз 70 ширкат аз кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Беларус, Ҳинд, Қазоқистон, Латвия, Кореяи Ҷанубӣ, Русия, Туркия ва Узбакистон ҳузур доранд.

Ин намоишгоҳ шомили ғурфаҳои таҷҳизоти ҷадиди пизишкӣ, маводи доруӣ, таҷҳизоти ашаъаи эксодиагностикӣ, таҷҳизоти дандонпизишкӣ, дастгоҳҳои якбормасраф, заррабинҳо, тарозуҳои пизишкӣ ва дигар аст.

Ширкатҳои тавлидкунандаи зиёди маводи доруӣ ва таҷҳизоти пизишкӣ дар ин намоишгоҳ дастоварадҳои ҷадиди фанновариҳои пизишкӣ ва саноеи дорӯсозиро ба намоиш гузоштаанд.

Муовини раиси ширкати “Дору ва дармон”-и Ӯзбакистон дар ин намоишгоҳ гуфт, ин намоишгоҳи пизишкӣ ҳар сол баргузор мешавад ва ин нишонаи он аст, ки заминаи дорусозӣ дар кишвар бо суръат тавсеа меёбад.

Абдулғанӣ Комилов афзуд, ин намоишгоҳ ҳамчунин як рӯйдоди муҳим дар заминаи дорусозӣ ҳам дар Ӯзбакистон ва ҳам тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.

Дувоздаҳумин намоишгоҳи тахассусии байналмилалии пизишкии “UzMedExpo-2019” бо ҳамкории Вазорати беҳдошти Ӯзбакистон, ширкати саҳҳомии “Дору ва дармон”, Утоқи бозаргонӣ ва саноати Ӯзбакистон ва шаҳрдории Тошканд баргузор мешавад ва то 28 сентябр ба кори худ идома хоҳад дод.