Сентябр 28, 2019 13:55 Asia/Dushanbe
  • Ихтисоси воми 100 миллион-евроии Бонки сармоягузории Аврупо ба Ӯзбакистон

Бонки сармоягузории Аврупо барои иҷрои барномаи модернсозии системаҳои обёрӣ ба Ӯзбакистон 100 миллион евро вом медиҳад.

Ба гузориши “Форс”, Бонки сармоягузории Аврупо барои иҷрои барномаи модернизатсияи системаҳои обёрӣ ва бозсозии заминҳои шӯри Қарақалпоқистон, ба Ӯзбакистон 100 миллион евро вом медиҳад.

Тибқи барнома, ин иқдомот имкони афзоиши ҷараёни об аз рӯдхонаи Омӯдарё ва баҳри Аралро фароҳам мекунад.

Бонки сармоягузории Аврупо ва Вазорати сармоягузориву тиҷорати хориҷии Ӯзбакистон рӯзи 26 сентябр як ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар ин замина имзо карданд.

Ин барнома дар ду марҳалаи иҷро хоҳад шуд. Дар марҳалаи аввал системаҳои қадимии обёрӣ дар водии Омӯдарё, ки манбаи аслии об барои дарёчаи Арал мебошад, бозсозӣ ва модернизатсия хоҳад шуд. Марҳалаи дувум, бозсозии заминҳои кишоварзии шӯр дар устони Қарақалпоқистон сурат хоҳад гирифт.

Давлати Тошканд ва Бонки сармоягузории Аврупо қарордоде дар мавриди фаъолияти ин бонк дар қаламрави Ӯзбакистонро дар моҳи октябри соли 2017 мелодӣ имзо карданд.

Ӯзбакистон чаҳорумин кишвари ҳамкори Бонки сармоягузории Аврупо дар Осиёи Марказӣ аст.

То кунун Бонки сармоягузории Аврупо қарордодҳоеро ба арзиши 710 миллион евро дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон имзо кардааст.

Бонки сармоягузории Аврупо дар соли 1958 мелодӣ бо ҳадафи таъмини молии тавсеаи кишварҳои аврупоӣ ва кишварҳои ҳамкори муассисаи байналмилалии молӣ–вомии Иттиҳоди Аврупо таъсис шудааст.

Сармояи аввалияи Бонки сармоягузории Аврупо 243 миллиард евро аст.