Сентябр 28, 2019 14:47 Asia/Dushanbe
  • Сармоягузории Амрико дар ҷунбишҳои оппозитсюнии Қазоқистон

Коршиноси сиёсии Қазоқистон бо ишора ба таҷаммуъҳои эътирозии ахир, аз сармоягузории Амрико дар ҷунбишҳои оппозитсюнии қазоқ хабар дод.

Ба гузориши “Форс”, Максим Козначаев, коршиноси масоили сиёсии Қазоқистон бо ишора ба таҷаммуъҳои эътирозии ахир дар ин кишвар изҳор дошт, Амрико барои ҳамкорӣ бо тамоми қудратҳои сиёсӣ, аз ҷумла гурӯҳҳои радикал дар ҷиҳати тақвияти нуфузи худ талош мекунад.

Вай гуфт, дар Қазоқистон гурӯҳҳои мухталифе ташкил шудаанд, ки вобастагии танготанге ба анҷуманҳову созмонҳои ғайридавлатии ғарбӣ доранд ва нуфузи онон бар мардум тақвият мешавад, аммо то кунун натавонистаанд ба сохтори давлатӣ ворид шаванд.

Максим Козначаев гуфт, дар 28 соли гузашта Амрико барои тақвияти равобит бо тамоми қудратҳои фаъол дар Қазоқистон, аз ҷумлаи гурӯҳҳои радикал талош кардаву аз тариқи ин иқдомот ба дунболи афзоиши нуфузи худ ва фишор бар давлат аст.

Коршиноси қазоқ афзуд, дипломатҳои амрикоӣ дар тамоми кишварҳои пасошӯравӣ аз ин равиш истифода мекунанд ва созмонҳову сиёсатмадорони оппозитсюнии таҳти таъмини молии Ғарб ба давлат фишор меоваранду дар ҳоли ҳозир вазъияти сиёсии Қазоқистон шабеҳ ба Украина шудааст.

Вай дар идома хотирнишон кард, Амрико барои рушди ин ҷунбишҳо сармоягузорӣ мекунад ва агар давлат тазъиф шавад, намояндагони ин гурӯҳҳо ҳатто сиёсатмадорони радикал ба мубориза барои қудрат мепардозанд.

Козначаев гуфт, сармоягузорӣ дар ҷунбишҳои мазкур афзоиш ёфтаву бо оғози раёсати Қосим Токаев, раиси ҷумҳурии феълии Қазоқистон таҷаммуъҳои эътирозии пайваста баргузор мешавад, аммо онон ҳанӯз натавонистанд фишори ҷиддӣ ба давлат биоваранд.