Октябр 04, 2019 18:51 Asia/Dushanbe
  • Мамнуияти вуруди ҳавопаймоҳои Туркманистон ба Аврупо

Иттиҳоди Аврупо ҳамчунон иҷозаи вуруди ҳавопаймоҳои ширкатҳои туркманӣ ба ҳарими ҳавоии ин иттиҳодияро содир накардааст.

Ожонси амнияти ҳавонавардии Аврупо ҳанӯз дар ин хусус ҳеч баёнияе мунташир накарда ва танҳо аз идомаи баррасии вазъияти зерсохтҳои ҳавопаймоии Туркманистон хабар дод.

Ба гузориши “Форс”, Иттиҳоди Аврупо ҳамин тавр далоили идомаи мамнуияти парвозҳои ҳавопаймоҳои туркман ба Аврупоро эълом накардааст.

Бар асоси иттилооти аввалия, ин таҳаввул ба иллати вазъияти номуносиби таҷҳизоти ширкатҳои ҳавопаймоии Туркманистон рух дод, аммо тибқи иттилооти манобеи дигар, бойингҳои Туркманистон бо стандартҳои амрикоӣ фаъолият мекунанд дар ҳоле, ки бояд бо стандартҳои Аврупо мутобиқат дошта бошанд.

Шоёни зикр аст, ки дар моҳи феврали соли ҷорӣ Ожонси амнияти ҳавонавардии Аврупо парвозҳои ширкати “Туркман ҳаво ёллари” - ро мамнуъ кард.

Қарор буд пас аз анҷоми бозрасиҳои муртабит дар моҳи июни соли ҷорӣ парвозҳо муҷаддадан роҳандозӣ шавад, аммо мамнуият ҳамчунон идома дорад.