Октябр 10, 2019 19:47 Asia/Dushanbe
  • Оғози нишасти Шӯрои вазирони умури хориҷаи кишварҳои ИДМ дар Туркманистон

Нишасти Шӯрои вазори умури хориҷаи кишварҳои кишварҳои ИДМ дар Ашқобод, пойтахти Туркманистон оғоз шуд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, нишасти Шӯрои вазирони умури хориҷаи кишварҳои ИДМ субҳи имрӯз (панҷшанбе) ба мизбонии Туркманистон дар маҳалли вазоратхонаи умури хориҷаи ин кишвар дар Ашқобод оғоз ба кор кард.

Дастури кори ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои вазирони умури хориҷаи кишварҳои ИДМ шомили пешнависи асноди мутамаркиз ба таъмиқи ҳамкориҳои башардӯстона, тазмини амният ва соири бахшҳо мебошад.

Вазирони умури хориҷаи кишварҳои ИДМ дар ҷаласаи имрӯз бояд барномаи амал дар заминаи ташдиди мушорикат миёни ниҳодҳои дипломатии кишварҳои узвро иттихоз ва аснодеро, ки фардо ҷумъа барои имзо ба шӯрои сарони кишварҳои ИДМ ирсол мешавад, ҳамоҳанг кунанд.

Дар соли 2019 Туркманистон раёсати кишварҳои ИДМ-ро бар ӯҳда дорад.