Имзои қарордоди нуқтаи иттисоли Узбакистон, Қазоқистон ва Туркманистон
Мақомоти Узбакистон, Қазоқистон ва Туркманистон дар шаҳри Ишқобод қарордоди нуқтаи иттисоли марзҳои давлатии 3 кишварро имзо карданд.
Ба нақл аз Форс, ин қарордод бо ҳузури Мухтор Талиубердӣ вазири умури хориҷаи Қазоқистон ва Рашид Муродов муовини нахуствазир, вазири умури хориҷаи Туркманистон низ ба имзо расид ва аз тарафи Узбакистон муовини вазири умури хориҷаи ин кишвар ҳузур дошт.
Бар асоси протоколи имзошуда ин қарордод аз таърихи 10 октябри соли 2019 ба мавқеи иҷро гузошта мешавад.
Ин дидори 3 ҷониба пеш аз оғози Нишасти давраии Шурои вазирони умури хориҷаи кишварҳои мустақили Муштаракул манофеъ баргузор шуд.
Кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз истиқлол ҳамвора дар мавриди таини марзҳо бо якдигар мушкил доштаанд ва бар сари мавзӯъҳои мухталиф дар минтақаҳои марзӣ даргириҳои мутааддиде то кунун рух додааст, ки дар чанд соли ахир кишварҳои мазкур ихтилофотро ба камтарин ҳади мумкин расондаанд.
Охирин даргирии марзӣ дар моҳи гузашта байни Тоҷикистон ва Қирғизистон рух дод, ки боиси кушта шудани як шаҳрванди тоҷик шуд.