Октябр 12, 2019 12:42 Asia/Dushanbe
  • Эҷоди бузургтарин маркази филмсозӣ дар Узбакистон

Ожонси миллии Узбакфилм дар назар дорад, то бузургтарин маркази филмсозӣ дар Осиёи Марказиро эҷод кунад.

Ба нақл аз Форс, раисони Ожонси миллии Узбакфилм ва ширкати Danmon grouр дар шаҳри Копенгаген пойтахти Дания дар мавриди иҷрои тарҳи бузурги мабнӣ бар таҷдиди таҷҳизи Маркази фаннӣ ва шуъбаҳои он бо таҷҳизоти филмсозӣ, системҳои фаннӣ ва маҳсулоти чандрасонаии филмсозӣ ба тавофуқ расидаанд.

Тарафайн ҳамчунин масоили содироти таҷҳизоти филмбардорӣ, таҷҳизот барои пас аз тавлид, тавлиди филмҳои мустанад ва мултфилмиро низ мавриди баррасӣ қарор додаанд. Ин тарҳ дар солҳои 2020 ва 2021 иҷро мешавад.

Ҳамзамон бо модернизаи таҷҳизоти филмсозӣ ҳамчунин қаламрави тавлидии студияи филмсозии Узбакфилм низ ба таври комил бо таҷҳизоти филмсозӣ, студияҳои филмҳои хабарӣ ва мустанадӣ, студияи мултфилмӣ навсозӣ мешавад.

Дар натиҷа ин таҷҳизоти нави Узбакфилм метавонад наворҳоеро, ки дар архивҳои дохилӣ ва хориҷ аз кишвар нигаҳдорӣ мешавад мараммат ва табдил ба диҷиталӣ кунад.

Гуфтанист дар соли 2020 дар Узбакистон корҳои филмбардории сериали таърихии Султон бо будҷети 20 миллион доллар оғоз мешавад. Ин тарҳ ба забони англисӣ аст ва дар он бозикунон аз галивуд нақш мебозанд.