Дидори раисони ҷумҳури Қазоқистон ва Туркманистон дар Ишқобод
Раисони ҷумҳури Қазоқистон ва Туркманистон дар Ишқобод дидор ва тайфи васие аз ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд.
Ба нақл аз Форс,Қосим Жомарт Токаев раиси ҷумҳури Қазоқистон, ки дар сафаре ба манзури ширкат дар Нишасти сарони кишварҳои Ҳамсуд вориди Ишқобод шуда бо Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов раиси ҷумҳури Туркманистон мулоқот кард.
Сарони ду кишвар дар ин дидор ба сатҳи болои гуфтугӯи сиёсӣ бо эътимод миёни Қазоқистон ва Туркманистон ишора карданд.
Токаев аз ҳамтои туркмани худ барои меҳмоннавозӣ тақдир ва ба нақши вай дар тавсеаи равобит миёни ду кишвар таъкид кард.
Раисони ҷумҳури ду кишвар таи ин мулоқот тайфи васие аз масоили дастури кори дуҷониба, вазъият дар минтақа ва ҳамчунин таомули ду тараф дар қолибҳои мухталифи байналмиллалиро баррасӣ карданд.
Дар нишасти сарони кишварҳои Ҳамсуд, ки дар Ишқобод оғоз ба кор кардааст раиси ҷумҳури Қазоқистон дидгоҳи худ дар мавриди тавсеаи ояндаи ин созмонро матраҳ ва ҳамчунин равишҳои дақиқ дар заминаи тақвияти таомули иқтисодӣ миёни кишварҳои Ҳамсудро пешниҳод хоҳад кард.
Дар поёни ин нишаст қарор аст теъдоде аз санадҳои чандҷониба аз ҷумла пайём ба мардуми кишварҳои Ҳамсуд ва Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба муносибати ҳафтоду панҷумин солгарди пирӯзӣ дар ҷанги ҷаҳонии дуввум ба имзо расад.