Октябр 12, 2019 18:09 Asia/Dushanbe
  • Ҳузур наёфтани раисҷумҳури собиқи Қирғизистон дар ҷаласаи додгоҳ

Раисҷумҳури собиқи Қирғизистон бо ғайриқонунӣ хондани боздошти худ аз ҳузур дар додгоҳ худдорӣ кард ва ин иқдомро бозии сиёсӣ хонд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, қарор буд рӯзи шанбе нахустин ҷаласаи додгоҳи Алмосбек Отамбоев дар Бишкек - пойтахти Қирғизистон баргузор шавад, аммо раисҷумҳури собиқи ин кишвар аз ҳузур дар ҷаласаи додгоҳ худдорӣ кард.

Сергей Слеварев, вакили Отамбоев дар ин бора гуфт, муваккилаш эҳзори худ аз сӯи додгоҳро ғайриқонунӣ медонад ва борҳо низ таъкид кардааст, ки дар бозиҳои сиёсӣ ширкат нахоҳад кард.

Бар ин асос, ҷаласаи расидагӣ ба парвандаи Отамбоев ба 14 октябр ба таъхир гузошта шуд.

Отамбоев, ки аз декабри 2011 то ноябри 2017 раисҷумҳури Қирғизистон буд, ба фасоди молӣ ва сӯиистифода аз қудрат муттаҳам аст.

 

Барчасп