Октябр 14, 2019 13:35 Asia/Dushanbe
  • Қонуни нави муҷозот барои нақзкунандагони муқарароти иқомат дар Узбакистон

Маҷлиси санои Узбакистон қонунеро ба тасвиб расонд,ки бар асоси он шаҳрвандони хориҷӣ барои нақзи муқарароти иқомат таҳти пайгарди қонунӣ қарор мегиранд.

Ба гузориши раидои тоҷикии Садои Хуросон, дар бистусеввумин нишасти маҷлиси Санои Узбакистон, қонуни нақзи муқарароти иқомати мувақат дар Узбакистон ба тасвиб расид,ки бар асоси он шаҳрвандони хориҷӣ барои нақзи муқарароти иқомат дар Узбакистон муҷозотҳое дар назар гирифта шудааст.

Намояндагони маҷлиси сано таъкид карданд ин қонун бо ҳадафи иҷроии ҳукми раиси ҷумҳурӣ танзим шудааст.

Тибқи ин қонун, аз ин ба баъд шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бетобеъият,ки муқарароти иқомат дар Узбакистонро барои аввалинбор нақз мекунанд, аз ин кишвар ихроҷ ва як сол мамнуъалвуруд мешаванд ва агар дубора қонуни иқоматро нақз кунанд ин мамнуъият ба се сол афзоиш меёбад.

Ин қонун,хориҷиҳои камтар аз 18 солро аз муҷозот истисно кардааст.

Дар солҳои 2016 то 2018 аз аз 18 ҳазор ва 26 нафар,ки дар Узбакистон муҷозот шуданд 11 ҳазор ва 997 нафар шаҳрвандони хориҷӣ буданд.