Октябр 15, 2019 12:19 Asia/Dushanbe
  • Сафари раисони ҷумҳурии Узбакистон ва Қирғизистон ба Озарбойҷон

Раисони ҷумҳурии Узбакистон ва Қирғизистон барои ҳузур дар ҳафтумин даври нишасти сарони Созмони кишварҳои туркзабон озими Озарбойҷон шуданд.

Сооронбай Жээнбеков ва Шавкат Мирзиёев, раисони ҷумҳурии Қирғизистон ва Узбакистон дар садри ҳайтҳои баландпоя барои ҳузур дар ҳафтумин нишасти Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои туркзабон озими шаҳри Боку шуданд.

Ба гузориши Форс, дар чорчуби ин ҷаласаи байналмилалӣ дидорҳои дуҷонибаи раисиҷумҳури Қирғизистон бо Илҳом Алиев, раисиҷумҳури Озарбойҷон, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия ва Нурсултон Назарбоев, нахустин раисиҷумҳури Қазоқистон анҷом мешавад.

Дар ҳайяти Қирғизистон Чингиз Ҳайдарбиков, вазири умури хориҷа, Динор Сиддиқов, раиси бахши сиёсати хориҷаи дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ, Санҷар Мокнабоев, вазири иқтисод, Бахтигул Ҷенбоева, вазири дороӣ ва Азамат Ҷамонкулов, вазири фарҳанги ин кишвар ҳузур доранд.

Ҳамчунин раиси ҷумҳури Узбакистон дар чорчуби сафар ба шаҳри Боку бо раисони ҳайатҳои ширкаткунанда дидорҳои дуҷонибае анҷом медиҳад.

Раисони ҳайатҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Узбакистон, Венгрия ва Туркманистон масоили марбут ба таҳким ва густариши ҳамкориҳои ҳамаҷониба дар чорчуби Шӯрои кишварҳои туркзабонро баррасӣ мекунанд.

Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон як созмони байналмилалӣ аст ва кишварҳои туркро ба якдигар муртабит мекунад.