Октябр 16, 2019 20:30 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши беморони мубтало ба ҳипотит дар 3 устони Туркманистон

Бар асоси бархе гузоришҳо, дар устонҳои Охол, Дашоғуз ва Лубоби Туркманистон афзоиши бемории ҳипотит сабт шудааст.

Ба гузориши “Форс”, бар асоси ин гузориш, дар устони Дашоғуз аксари беморон кӯдакон ва навҷавонон ҳастанд.

То кунун давлати Туркманистон ин иттилоотро таъйид накарда, аммо матолиб дар бораи густариши беморӣ дар расонаҳои минтақа мунташир шудааст.

Пизишкон аз даргузашти чанд шаҳрванд дар пайи ин беморӣ хабар дода ва таъкид доранд, ки дар бемористонҳо доруҳои муносиб мавҷуд нест.

Ба гуфтаи онон, интишори иттилоот дар бораи бемории ҳипотит аз тарафи ниҳодҳои давлатӣ мамнуъ шуда, аммо ин падида аз авохири моҳи август оғоз шудааст.

Ниҳодҳои давлатии муртабит барои мубориза бо беморӣ ҳеҷ иқдоме анҷом намедиҳанд ва воксинаи ҳипотити a ва b дар дастраси пизишкон ва мардум қарор надорад.