Октябр 17, 2019 17:07 Asia/Dushanbe
  • Рутбаи 89-уми Узбакистон дар раддабандии ҷаҳонии амнияти занон

Бар асоси гузориши шабакаи телевизионии «National Geographic», Узбакистон дар раддабандии ҷаҳонии амнияти занон дар ҷойгоҳи 89 қарор гирифт.

Узбакистон дар ин раддабандии ҷаҳонӣ аз лиҳози амният барои занон дар миёнаи ҷадвал қарор гирифта ва ин кишвар дар байни 167 кишвари ҷаҳон дар мақоми 89 қарор гирифтааст.

Ба гузориши Форс, шохисҳои ин раддабандӣ мутафовит аст, аз ҷумлаи муаллафаҳои он миқдори ҳузури занон дар ҷомеа, умури сиёсӣ, таҳсилот ва иштиғол аст.

Илова бар ин мавзӯоте ҳамчун эҳтиром ба ҳуқуқи занон дар ин гузориш мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Дар ин раддабандӣ мақоми аввалро Норвегия, раддаи дувумро Швейтсария касб карданд. Ҳамсоягони Узбакистон аз ҷумла Қазоқистон дар ин раддабандӣ 43, Туркманистон 60, Қирғизистон 80, Тоҷикистон 96-ро касб карданд. Афғонистон бо бадтарин шохис дар раддаи 166-ум қарор дорад.