Интихоби Алмаато ба унвони маркази минтақаии Сандуқи Байналмилалии Пул
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i47755-Интихоби_Алмаато_ба_унвони_маркази_минтақаии_Сандуқи_Байналмилалии_Пул
Муовини Сандуқи Байналмилалии Пул аз интихоби Алмаато ба унвони маҳалли истиқрори маркази ҷадиди минтақаии пуштибонии фаннии ин муассисаи молии байналмилалӣ хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 21, 2019 19:18 Asia/Dushanbe
  • Интихоби Алмаато ба унвони маркази минтақаии Сандуқи Байналмилалии Пул

Муовини Сандуқи Байналмилалии Пул аз интихоби Алмаато ба унвони маҳалли истиқрори маркази ҷадиди минтақаии пуштибонии фаннии ин муассисаи молии байналмилалӣ хабар дод.

Карло Грассо, муовини мудири Сандуқи Байналмилалии Пул аз интихоби Алмаато ба унвони маҳалли истиқрори маркази ҷадиди минтақаии пуштибонии фаннии ин муассисаи молии байналмилалӣ хабар дод.

Ба гузориши “Форс”, ба гуфтаи вай, ин маркази ҷадид ба ироаи хадамоти лозим ба 9 кишвари узви ин сандуқ дар манотиқи Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Муғулистон хоҳад пардохт.

Интизор меравад, ин марказ сиёсати молиётӣ ва молӣ, амалиётҳои бонкҳои марказӣ, назорат бар бахши молӣ ва омори иқтисоди калонро пӯшиш диҳад.

Қарор аст маркази мазкур дар ҳудуди 6 моҳи оянда фаъолияти худро оғоз мекунад.

Грассо интихоби маҳалли сохтмони маркази ҷадиди минтақаии пуштибонии фаннии ин муассисаи молии байналмилалиро бар мабнои арзёбии пешниҳодоте, ки заминаҳои қобили таваҷҷуҳеро дар бар мегиранд, аз ҷумла пуштибонии молӣ, парвозҳои мутақобил ва тифи густурдае аз мавзӯоти идорӣ ва лаҷистикӣ анҷом шудааст.

Вай дар поён аз Гурҷистон, Қазоқистон ва Узбакистон ба хотири пешниҳодоти олӣ дар мавриди маҳалли истиқрори маркази ҷадиди минтақаии пуштибонии фаннии Сандуқи Байналмилалии Пул қадрдонӣ кард.