Эҷоди 53 ҳавзаи раъйгирии парлумонӣ хориҷ аз Узбакистон
Мақомоти ситоди марказии интихоботи Узбакистон эълом карданд, давлати ин кишвар барои баргузории интихоботи Маҷлиси олӣ дар хориҷ аз кишвар 53 ҳавзаи раъйгирӣ эҷод хоҳад кард.
Бар асоси ин гузориш, тибқи моддаи 10 –и қонуни интихоботи ин кишвар, эҷоди ҳавзаҳои интихоботӣ дар намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар созмонҳои ин кишвар тавассути ситоди марказии интихобот анҷом мегирад.
Ба гузориши “Форс”, Мирзо Улуғбек Абдусаломов, раиси ситоди марказии интихоботи Узбакистон дар нишасти хабарӣ дар ин маврид гуфт, дар интихоботи қаблӣ фақат афроде, ки дар феҳристи консулгарӣ дар хориҷ аз кишвар сабт шуда буданд, метавонистанд раъй диҳанд, аммо имсол афроде, ки дар феҳрист сабт нашудаанд низ метавонанд раъй диҳанд.
Интихобот барои Маҷлиси олии Узбакистон ва ниҳодҳои маҳаллии ин кишвар рӯзи 22 декабри соли 2019 мелодӣ баргузор мешавад.
Дар интихоботи қаблӣ барои Маҷлиси олии ин кишвар дар моҳи декабри соли 2014 мелодӣ 44 ҳавзаи раъйгирӣ дар хориҷ аз кишвар эҷод шуда буд.
Ҳамакнун дар Узбакистон 5 ҳизби сиёсӣ, аз ҷумла Ҳизби демократии халқи Узбакистон, Ҳизби либерал - демократи Узбакистон, Ҳизби демократии миллии Узбакистон (Растохези миллӣ), Ҳизби сотсиал - демократи Узбакистон (Адолат) ва Ҳизби экологияи Узбакистон ба таври расмӣ сабт шудааст.
Дар интихоботи парлумонии моҳи декабр 5 ҳизби сиёсӣ барои касби 150 сандалӣ дар маҷлис бо ҳам ба рақобат хоҳанд пардохт.
Интихоботи парлумонии қаблӣ дар моҳи декабри соли 2014 ва январи соли 2015 мелодӣ баргузор шуд.
Парлумони думаҷлисӣ дар Узбакистон нахустин бор дар соли 2005 мелодӣ ташкил шуд.
Дар Маҷлиси олӣ 150 намоянда, ки дар таърихи 27 декабри соли 2009 мелодӣ тавассути 4 ҳизби сиёсӣ ва наҳзати муҳити зисти Узбакистон барои 5 сол интихоб шудааст, ба таври доим фаъолият мекунанд.