Октябр 24, 2019 13:05 Asia/Dushanbe
  • Беиттилоии 35 дарсади шаҳрвандони Узбакистон аз таърихи баргузории интихоботи парлумонӣ

Тибқи натоиҷи як санҷиш як севвуми шаҳрвандони Узбакистон аз таърихи баргузории интихоботи парлумонии ин кишвар дар моҳи декабри соли равон беиттилоъ ҳастанд.

Тибқи натоиҷи санҷиши Маркази баррасии афкори умумии Узбакистон бо номи "Иҷтимоӣ фикр"   як севвуми шаҳрвандони узбак аз интихоботи парлумонии ин кишвар, ки дар моҳи декабри соли равон баргузор мешавад беиттилоъ ҳастанд.

Ба нақл аз Форс, ин санҷиш аз тариқи тамосҳои телефонӣ анҷом гирифтааст, коршиносони ин марказ бо шаҳрвандони минтақаҳои мухталифи ин кишвар тамос гирифта ва дар мавриди интихоботи оянда аз онҳо савол кардаанд.

Бар асоси ин санҷиш маълум шуд, ки 35 дарсади мухотабон ҳатто намедонанд, ки дар моҳи декабр дар Узбакистон интихобот барои Маҷлиси олӣ ва ниҳодҳои маҳаллӣ баргузор мешавад.

Дар ин миён ҷомеашиносон изҳор доштанд, ки ин санҷиш ҳатто дар оғози таблиғоти интихоботӣ сурат гирифтааст.

Ҳамчунин тибқи ин санҷиш фақат 17 дарсади шаҳрвандон аз қонуни нави интихоботӣ иттилоъ доранд ва як севвуми шаҳрвандони Узбакистон ҳеҷ иттилое дар ин замина надоранд.

Вақте аз мухотабон дар мавриди ҳизбҳои сиёсӣ савол шуд онҳо бештар аз Ҳизби демократики халқи Узбакистон ном бурданд. Зимнан фақат 12 дарсади шаҳрвандон алоқаманд ба ошноӣ бо барномаи ҳизбҳо ҳастанд.