Октябр 31, 2019 18:31 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи телефонии раисони ҷумҳурии Узбакистон ва Туркманистон

Раисони ҷумҳурии Узбакистон ва Туркманистон дар гуфтугӯи телефонӣ, чашмандози равобити дуҷониба байни ду кишварро баррасӣ карданд.

Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон дар ин гуфтугӯи телефонӣ бар афзоиши ҳамкориҳо дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла бозаргонӣ, ҳамлу нақл, кишоварзӣ, энержӣ ва дигар ҳавзаҳо таъкид карданд.

Раисони ҷумҳурии Узбакистон ва Туркманистон ҳамчунин дар мавриди масоили муҳимми байналмилалӣ ва минтақаӣ низ табодули назар карданд.